ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи радио – телевизиюнии TRT (Туркия), Вазорати дифои Туркия дар баёнияе эълом кард: Ду тан аз аъзои Ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) дар амалиёти неруҳои ин кишвар дар шимоли Сурия кушта шудаанд.
Дар ин баёния омадааст ин ду узви ПКК дар минтақаи амалиётии “Чашмаи сулҳ” дар шимоли Сурия, қасди амалиёт алайҳи неруҳои артиши Туркияро доштаанд.
Анкара Ҳизби коргарони Курдистонро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор дода ва ба баҳонаи таъқибу мубориза бо аъзои ин гуруҳ, Сурия ва ҳамчунин Ироқро ба арсаи тохту този артиши Туркия мубаддил кардааст.
342/